Собиқ сардори шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили водии Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов изҳор кард, ки ӯ дар зодгоҳаш – водии Рашт қарор дошта, кайҳо боз ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар накардааст.
«Ман кайҳо боз дар Бадахшон набудам ва айни замон дар хонам қарор дорам. Дар куҷо будани Шоҳ Искандаров ба ман маълум нест. Бо ӯ низ муддати зиёдест, ки дар робита набудам», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Мирзохӯҷа Аҳмадов.
Ёдрас мекунем, ки қаблан тибқи иттилои ғайрирасмӣ хабар дода шуд, ки зимни амалиёти махсуси низомӣ дар шаҳри Хоруғ муовини сардори Раёсати умури дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Муҳаммадшоҳ (Шоҳ) Искандаров кушта шудааст. Дар мақомоти қудратӣ ҳалокати Искандаровро тасдиқ намекунанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуда буд, ки ҳанӯз як моҳ пеш Шоҳ Искандаров, Мирзохӯҷа Аҳмадов (собиқ роҳбари шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил) ва ҳамроҳони ӯ барои таҳкими марзҳо бо Афғонистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафарбар шуда будаанд. Феълан М.Аҳмадов сафараш ба Бадахшонро рад мекунад.
Қобили зикр аст, ки тирамоҳи соли 2010 М.Аҳмадов ва наздикони ӯ дар ҳамдастӣ бо нерӯҳои ҳукуматӣ дар амалиёти нобуд кардани дастаи ҷиноятпешаи Мулло Абдулло дар водии Рашт иштирок карданд.
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
450 шатранҷбоз аз 13 кишвар. Гузориш аз мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷ дар Душанбе
“Наям ман сустимони сабукбор!”. Ёде аз муаллим ва шоир Бобониёз Надиров
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста