Муовини котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк иттилоъ дод, ки маъмурияти президенти ИМА Барак Обама аз конгресс афзоиши ҳаҷми кӯмакҳои низомӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2013-ро дархост кардааст.
Асноди буҷетӣ гувоҳи онанд, ки дар муқоиса бо сатҳи соли ҷорӣ маблағгузорӣ дар чаҳорчӯби «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» барои Тоҷикистон қариб ду маротиба афзуда мешаванд.
Ҳафтаи гузашта Блейк ба мақомоти қонунгузории кишвараш хабар дод, ки соли 2011 ИМА ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» дар ҳаҷми беш аз 6 млн. ва «Барномаи хориҷии омӯзиш ва омодагӣ» дар ҳаҷми 3 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.
Мутобиқи маълумоти ҳуҷҷатҳои дархости буҷетии Кохи сафед барои соли молиявии 2013, ҳаҷми воситаҳои пешбинишуда дар чаҳорчӯби барномаҳои зикргардида ба ҷуз Тоҷикистон, барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми пешина боқӣ мемонанд. Барои Тоҷикистон ҳаҷми маблағгузорӣ дар доираи «Барномаи маблағгузории хориҷии низомӣ» аз 800 ҳазор доллари ИМА-и соли 2012 то ба 1,5 млн. доллари ИМА дар соли 2013 зиёд карда мешаванд.
«Ин воситаҳо ба дастгирии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар беҳбуди омӯзиши забони англисӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои байнулмилалӣ, таъмини амнияти марзҳо, иштирок дар амалиётҳои байнулмилалии таъмини сулҳ ва ҳамчунин роҳандозии чораҳо оид ба аз мина безараргардонӣ равона хоҳанд шуд», - зикр мегардад дар ҳуҷҷатҳои буҷетӣ.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста