Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт ва Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба наздикӣ созишномаи дуҷонибаро ба имзо расониданд, ки мувофиқи он ҳукумати ИМА 9.5 миллион доллари амрикоиро барои дастгирии барномаҳои вобаста ба амнияти марзҳо, ислоҳоти соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, мубориза бар зидди маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон ва рушди соҳаи адлия дар Тоҷикистон ҷудо менамояд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, кӯмаки молиявии Ҳукумати ИМА барои пешгирӣ намудани интиқоли ғайриқонунии амвол ва одамон тавассути марзҳои Тоҷикистон ва дастгирӣ намудани барномаи фарогири ислоҳоти соҳаи милитсия бо ташкил додани гурӯҳҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ва баргузор намудани омӯзиш барои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ истифода бурда мешавад. Қисми ин маблағ ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон барои сайқал додани маҳорати мутахассисони ояндаи соҳаи ҳуқуқ равона карда мешавад.
Ҳукумати ИМА маблағи иловагии 1 миллион доллари захираи ташаббусҳои зидди маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (CACI) бо мақсади дастгирӣ намудани имкониятҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) ҳангоми гузаронидани тафтишот ва ҳабси нашъаҷаллобон ҷудо хоҳад кард. Маблағи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкории байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва воҳидхои мансуб ба CACI дар Ҷумҳурии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя кӯмак мекунад. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома, Ҳукумати ИМА бунёди инфрасохтор , таъмини таҷҳизот ва кӯмакҳои техникӣ, баргузор намудани омӯзишҳо пешбинӣ шуда, фаъолияти АНМН ва воҳидҳои махсуси онро дастгирӣ мекунад.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки дар оянда кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон идома диҳад. Аз соли 1992 то инҷониб Сафорати ИМА баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасонрасон, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисод, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза бар зидди маводи мухадирро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд, зиёда аз 984 млн долларро ҷудо намудааст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста