Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон мулоқоти директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо намояндаи тозатаъини минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ Александ Сичев доир гардид.
Тавре аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот директори Агентӣ меҳмони олиқадрро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд. Дар бораи ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо ҳамкасбони хориҷӣ аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошно кард.
Рустам Назаров ба намояндаи минтақавии РСММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ дар бораи тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, ҳамчунин дар мавриди дурнамои рушди АНМН муфассал маълумот дод.
Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар таҳдидҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар навбати худ А.Сичев ба дастовардҳои Агентӣ дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд дода, фаъолияти муваффақиятомези мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриро дар пешгирӣ аз вуруди мухаддирот ба кишвар ситоиш намуд. «Агентӣ дар айни замон хадамоти аз нигоҳи касбӣ арзишманд аст, ки метавонад аз натиҷаҳои фаъолияти худ ифтихор кунад”- гуфт ӯ.
Александр Сичев аз анбори нигаҳдории маводи мухаддир дидан намуд, бо фаъолияти Маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ, шӯъбаи ташхисоти судӣ ва дигар воҳидҳои Агентӣ ошно шуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба ҳамкориҳои самарабахш миёни Агентӣ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар осиёи Марказӣ дар кори таҳкими мубориза бо мухаддирот ва сӯистифода аз маводи нашъаовр изҳори умед карданд.
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста