Дар шаҳри Ваҳдат, ки дар 20 километрии шарқи Душанбе воқеъ аст, сохтмони муассисаи ислоҳии нави низомаш шадид барои 2 ҳазор нафар маҳбусон идома дорад. Ба ин муассиса маҳбусони муассисаи ислоҳотии ЯС 3/1-и маркази пойтахт кӯчонида мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, лоиҳаи муассисаи нав аз ҷониби як ширкати булғорӣ таҳия гардида, сохтмони он баъди ду сол ба итмом мерасад.
«Муассисаи ислоҳии Душанбе соли 1935 бунёд гардида, барои 1,5 ҳазор нафар маҳбусон пешбинӣ шудааст. Сарфи назар аз таъмири ҳарсола, бино кӯҳнаву корношоям гардида, ба меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест», - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сарраёсати мазкур, аз ҷониби онҳо барои ҷудо кардани қитъаи замин ҷиҳати сохтмони бинои нави тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлия низ дархост пешниҳод гардидааст, зеро ин иншоот ҳам дар қаламрави пойтахт воқеъ буда, қобили қабул нест.
Ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, сарраёсат дар қаламрави шаҳраки Роҳатӣ, дар наздикии дармонгоҳи ҷумҳуриявии бемории сил барои маҳбусон дармонгоҳ бунёд мекунад, ки аз се ошёна иборат буда, барои 100 нафар беморон пешбинӣ шудааст. «Мо тасмим гирифтем, ки дар назди сарраёсат дармонгоҳи табобати бемориҳои сил бунёд созем, зеро шумори фавтидагон бар асари ин беморӣ дар зиндонҳо хеле зиёд аст», - изҳор дошт сарчашмаи хабар.
Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ, ба санаи ахири соли 2010 дар Тоҷикистон 19 муассисаи ислоҳӣ амал мекунад, ки шаш адади онҳо тавқифгоҳи муваққатӣ, 8 ададашон муассисаҳои ислоҳии низоми гуногун, як муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон, як зиндони занона ва се муассисаи сукунат мебошанд.
Ҳамасола ба муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ ҳудуди 2 ҳазор нафар маҳбусон ворид мешаванд. Дар маҷмӯъ, бо назардошти афроди таҳти тафтишот қарордошта, судшавандагон ва маҳкумшудагон дар муассисаҳои ислоҳӣ ҳудуди 9 ҳазор нафар ҳузур доранд.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста