Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати Ваколатдорони ҳуқуқи инсон (Омбудсменҳо)-и Қирғизистону Русия баргузор шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, ба ҳайати Омбудсменҳо перомуни фаъолияти Агентӣ, вазъи мухаддирот дар ҶТ, тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мубориза алайҳи қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир маълумоти муафссал пешниҳод гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҳайати Омбудсменҳо аз анбори нигоҳдории маводи мухаддири мусодирашуда ва тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ боздид карданд.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии мазкур дар доираи конфронс таҳти унвони «Воситаҳои пурсамари ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ: нақши Омбудсменҳои Осиёи Марказӣ ва Русия» (Душанбе, 30-31-уми октябр) созмон дода шуд.
Барои иштирок дар кори конфронс Омбудсменҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ гирдиҳам омаданд.
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста