Ҳимоятгари аз ҷониби наздикони Абдулвосит Латифов, маъруф ба «Қорӣ Восит» кирошуда Шуҳрат Қудратов изҳор мекунад, ки зерҳимояи ӯ дар яке аз манзилҳои пинҳонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Душанбе нигоҳдорӣ мешавад.
«Бино ба маълумоти як сарчашмаи муътамад аз сохтори қудратӣ, Абдулвосит Латифов таҳти назорати 5-6 нафар кормандони хадамоти махсус қарор дошта, ба хотири таъмини бехатарӣ онҳо ҳатто бо ҷаҳони беруна иртибот надоранд ва телефонҳои ҳамроҳашонро низ гирифтаанд. Аз эҳтимол дур нест, ки нисбат ба Латифов аз шиканҷа ва дигар навъҳои ғайриқонунии бозпурсӣ истифода мешавад», - мегӯяд Қудратов.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки то ҳанӯз аз Прокуратураи генералӣ оид ба дархосташ дар бораи муайян кардани макони будубоши «Қорӣ Восит», ки ба андешаи ӯ, рӯзи 24-уми октябр ғайриқонунӣ ба Душанбе оварда шудааст, посух нагирифтааст.
«Тибқи баъе маълумот, рӯзи 20-уми октябр Латифов дар Волгоград аз ҷониби шахсони номаълум рабуда шуда, рӯзи 24-уми октябр пинҳонӣ ба Душанбе оварда шудааст. Айни замон ӯ дар яке аз биноҳои хадамоти махсус қарор дорад», - гуфт ҳимоятгар ва таъкид намуд, ки шахсони расмӣ маълумоти дар Тоҷикистон қарор доштани Латифовро инкор менамоянд.
Ба қавли ӯ, «истирдоди пинҳонӣ»-и Латифов «ғайриқонунӣ буда ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ мухолиф аст», зеро ӯ таҳти ҳимояти Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор дорад ва аз ин рӯ, ҷониби Русия ба истирдоди Латифов аз қаламраваш ва гузашта аз ин, ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурдани ӯ ҳуқуқ надорад.
Ёдрас мекунем, ки пас аз чанд рӯзи озод шудан аз боздоштгоҳи Волгоград шаҳрванди Тоҷикистон Абдулвосит Латифов, дар доираҳои ҷиноӣ маъруф ба «Қорӣ Восит» рӯзи 20-уми октябр бедарак шуд. «Қорӣ Восит» моҳи ноябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия боздошт гардид. Баъди боздошт ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб намуд, ки Абдулвосит Латифовро ба ихтиёри Душанбе супорад. «Барои будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия», суди шаҳри Волгоград дар бораи истирдоди ӯ қарор қабул кард.
Дар Тоҷикистон Абдулвосит Латифов дар содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили куштор, роҳзанӣ, одамдуздӣ гумонбар дониста мешавад. Тибқи баъзе маълумот, аъзои дастаи Қорӣ Восит ба даст доштан дар 25 амали террористӣ ва марги беш аз 40 нафар муттаҳам дониста мешаванд. Қобил ба ёдоварист, ки мақомот қатли собиқ прокурори генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, марги 19 марзбони рус ва 4 корманди шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдатро дар солҳои 90 –ум кори дасти гурӯҳи Қорӣ Восит арзёбӣ намуда буданд.
Бино ба Хадамоти федералии амнияти Русия, солҳои 90-ум аъзои дастаи Абдулвосит Латифов дар урдӯгоҳҳои низомии Эрон ва Покистону Афғонистон таълими ҳарбӣ гирифтаанд. Соли 2011 хадамоти махсуси Русия аъзои ин гурӯҳ Зубайдулло Шоев ва Боймурод Хоҷаевро ба Тоҷикистон истирдод намуданд. Моҳи августи соли 2011 бо қарори суд Боймурод Хоҷаев ба 18 соли зиндон маҳкум гардид.
Ҳамчунин мавриди тазаккур аст, ки аввали соли равон Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ба Ваколатдори Русия дар назди Суди Аврупо Георгий Матюшкин мактубе ирсол кард, ки дар он нисбат ба ҳодисаҳои аз Русия бедарак шудани арзкунандагоне, ки кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ карда шуда буд.
Елена Рябинина, роҳбари барномаи русиягии «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон, ки ба гурезагон аз минтақаи Осиёи Марказӣ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, изҳор дошта буд, ки раиси Суди Аврупо аз ҳодисае изҳори нигаронӣ кардааст, ки Муродҷон Абдулҳақов, Сӯҳроб Қозиев, Савриддин Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидови бедаракшуда, ки истирдоди онҳо мувофиқи қоидаи 39-и регламенти суд боздошта шуда буд, аз ҷониби шахсони номаълум ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шудаанд.
Юлия Аксёнова, ҳимоятгари русиягии Абдулвосит Латифов иттилоъ медиҳад, ки зерҳимояи ӯ низ таҳти ҳифозати Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон қарор дорад. Ахири моҳи октябр муҳлати аз ҷониби Суди Аврупо ба Русия додашуда, ки дар давоми он бояд Русия оид ба парвандаи Латифов ба суд тавзеҳи хаттӣ мефиристод, ба итмом мерасад. Ба қавли ҳимоятгар, ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон перомуни рабуда шудани Латифов факс ирсол гардидааст.
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста