Ба гумони даст доштан дар оташзании бозори «Корвон» мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ то ҳанӯз касеро боздошт накардаанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ хабар дод.
Хотиррасон шуд, ки аввали моҳи октябр аз рӯйи далели оташзании бозори «Корвон» аз ҷониби Прокуратураи генералӣ мутобиқи моддаҳои 192, қ. 3 (Вайрон кардани қоидаҳои зидди сӯхтор), 322, қ. 2 (Хунукназарӣ) ва 309, қ. 1 (Тахрибкорӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.
Ба гуфтаи сарчашма, айни замон тафтишоти пешакӣ оид ба ин парванда идома дошта, ҷиҳати ошкор сохтани афроди дастдошта дар сар задани сӯхтор тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, қаблан аз Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД ҶТ хабар дода буданд, ки тибқи натиҷаҳои ташхис, сӯхтор дар бозор бо истифода аз солярка ба амал омадааст. «Ташхис имкони сар задани сӯхтор аз расиши кӯтоҳи ноқилҳо ё аз таркиши баллони газро ғайриимкон арзёбӣ мекунад», - тахкид карда буданд дар сарраёсати мазкур.
Ёдрас мекунем, ки шоми 5-уми сентябр дар бозори фурӯши яклухти «Корвон» сӯхтор сар зада, он майдони беш аз 8 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари сӯхтор 1 нафар ҳалок ва чор нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Оташ 2 ҳазору 550 фурӯшгоҳҳоро нобуд сохта, ба соҳибкорон зарари ниҳоят зиёди моддӣ расонид.
Рӯзи дигари пас аз сӯхтор ҳазорон тоҷирони бозор ба гирдиҳамойӣ даст заданд. Онҳо пайдо намудани гунаҳкорони сӯхторро талаб намуда, бар ин назар буданд, ки бозор қасдан оташ зада шудааст. Издиҳомро раиси пойтахт ором намуда, ваъда дод, ки бозор дар як моҳ барқарор гардида, муҳлати қарзҳои тоҷирон дар бонкҳо дароз карда мешавад.
Қаблан соҳибмулки бозори «Корвон» Нуршед Машрабов изҳор карда буд, ки барои кӯмаку мусоидат ба муайян кардани сабабҳои сар задани сӯхтор ва афроди дар ин амал дастдошта 150 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ таъин кардаст.
Ҷорӣ гардидани пардохтҳои ғайринақдӣ сатҳи коррупсияро кам кард?
Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад
БОР пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо сабаби афзоиши вуруди пул боло бурд
Ҳубара ё дуғдоғ. Парандаи соли 2025 дар Тоҷикистон интихоб шуд
Такмили эътимод ва мубориза бо хабари дурӯғ. Баррасии ҳамкории котибони матбуотӣ ва рӯзноманигорон дар Душанбе
“Шарикии рақамӣ”: Дар Суғд IT-форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Кумаки яквақта ба зиёда аз 112 ҳазор оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон
Фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои Русия қабул намешаванд?
“Ӯҳдадор нестам...” Чаро вакилони парлумон аз шарҳи мавзуҳои муҳими ҷомеа худдорӣ мекунанд?
Осорхонаи Садриддин Айнӣ ба феҳристи маконҳои сайёҳии Бухоро дохил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста