Сафири ИМА Сюзан М. Эллиотт аз номи Бахши ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати ИМА ба воҳидҳои махсуси зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсиониро ба маблағи умумии беш аз ду млн. доллари ИМА тақдим намуд.
Тавре за сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар маросими мазкур хотимаи бомуваффақияти марҳилаи якуми лоиҳаи ташаккули шабакаи байниидоравии коммуникатсионӣ қайд карда шуд. Ин шабака воҳидҳои махсуси мазкурро бо малакаҳои тамосгирӣ бо ҳамдигар ҳангоми амалиётҳои зидди маводи мухаддир ва терроризм, инчунин дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунад.
Сафир Эллиотт иброз дошт: «Ман бо камоли мамнуният нерӯҳои амниятии Тоҷикистонро ҷиҳати такмили қобилиятҳои коммуникатсионии онҳо дастгирӣ мекунам. Шабакаи мазкур аҳамияти бузурги худро ҷиҳати ҳамоҳангсозии амалҳои ҷавобии байниидоравӣ ба ҳодисаҳои воқеъии сатҳи ҷумҳуриявӣ исбот намуд.»
Сафир Эллиотт инчунин ба марҳилаи дуюми лоиҳаи ташаккулдиҳии шабакаи коммуниктсионии фарогирандаи минтақаҳои дигар ифтитоҳи расмӣ бахшид.
Инъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таъмин намудаст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандаи ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, амният ва рушди иқтисодии Тоҷикистон беш аз як млрд. доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста