Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сардори раёсат генерал-майори милитсия, доктори илмҳои ҳуқуқ Ҷӯрахон Зоиров изҳор кард, ки раёсати мазкур дар ҳайати ВКД моҳи ноябри соли 1989 таъсис дода шуд.
Инчунин дар чорабинии идона директори институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илми фалсафа, профессор Абдулвоҳид Шамолов иштирок ва суханронӣ карда, аз нақш ва саҳми кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар давлатдории навин ёдовар гардида, иброз намуд, ки кормандони милитсия ҳамеша дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар сафи пеш қарор дошта, он амалу кирдорҳое, ки бар зидди обрӯ ва ҳуқуқи инсон нигаронида шудаанд, аз тарафи кормандони раёсати номбурда пешгирию барҳам дода мешаванд.
Дар чорабинӣ бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба як қатор кормандони фаъол медалу ифтихорнома ва сипоснома супорида шуд. Инчунин барои ҳамкории фаъол бо фармони Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-лейтенанти милитсия Владимир Колоколцев ба як нафар корманди раёсати зикргардида полковники милитсия Маҳбуба Қосимова медал тақдим карда шуд. Бо фармони сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил бошад, 14-нафар занон, ки дар қатори мардон кору фаъолияти низомӣ доранд, бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
“Орзуи давлати пирӣ дошт”. Писари Аловуддин Абдуллоев аз нақшаҳои бозмондаи падар ва идомаи роҳи ӯ гуфт
Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз сохтмони Театри миллӣ ва корхонаи “Акиа Авесто” боздид карданд
Барқи Осиёи Марказӣ: чаро он то ҳол "сабз" нест?
Марде, ки зану хушдоманашро бо табар кушта буд, 25 сол равонаи зиндон шуд
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста