Зарфи даҳ моҳи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар маҷмӯъ зиёда аз 5 тоннаву 455 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудудан 1 тоннаву 530 кило зиёд аст.
Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, аз ҷумлаи мухаддироти мусодирашуда бештар аз 483 килои онро героин ташкил медиҳад. Афюни дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунӣ забтшуда наздик ба 598 кило буда, зиёда аз 4 тоннаву 374 килои онро мухаддироти мансуб ба гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давра аз ҷониби кормандони АНМН 94 ҷинояти мухаддиротӣ ба қайд гирифта шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудудан 750 кило маводи нашъаовар мусодира гардидааст. «Зарфи ин даҳ моҳ кормандони Агентӣ 3 ҳодисаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ ва модаҳои психотропиро ошкор намуданд», - афзуд манбаъ.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста