Имрӯз вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа (ШВМ)-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 11-уми декабр доир мегардад, ба шаҳри Маскав сафар мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ба ҷуз иштирок дар ҷаласаи мазкур, Ш.Хайруллоев ҳамчунин бо чанде аз ҳамтоҳои худ аз кишварҳои узви ИДм мулоқот хоҳад кард. Дар ин вохӯриҳо баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар кори ҷаласаи маскавии ШВМ-и кишварҳои узви ИДМ аз иштироки вазирони мудофиаи Озарбойҷон, Арманистон Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина интизорӣ меравад.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, рӯзномаи ҷаласаи мазкур аз 20 масоили марбут ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои низомӣ дар чаҳорчӯби ИДМ иборат аст. Гуфта мешавад, вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ҳамчунин натиҷаҳои фаъолияти мақомоти кории Шӯро дар соли 2012-ро мавриди таҳлил қарор дода, Нақшаи кори ШВМ барои соли 2013-ро тасдиқ хоҳанд кард.