Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бемористони ноҳияи Одинсовои вилояти Маскави Русия шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Мӯъминобод Ҷумъахон Азизов ба ҳалокат расид.
Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ӯ аз оташкушоии кормандони пулиси ин ноҳия ба автомашинаи тоҷикон ҷароҳати марговар бардоштааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни боздиди корманди намояндагӣ аз ШКД-и ноҳияи Одинсово маълум шудааст, ки шаби 11 ба 12-уми январи соли равон зимни ҳаракат бо автомашина дар қаламрави ноҳия, ки дар дохили он панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштаанд, онҳо ба талаботи кормандони пулис оид ба манъи воситаи нақлиёт итоат накарда, кормандони пулис ба сӯи автомашинаи онҳо оташ кушодаанд. «Дар натиҷа Ҷумъахон Азизов ҷароҳати марговар бардошта, ба ҳалокат расидааст ва аз рӯи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дорад», - иттилоъ медиҳад намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, аз рӯи ин далел кормандони пулис ҳамчунин боз чор нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон – Шуҳрат Шарифов, Саидшоҳи Шоҳвалӣ, Аҳмадхони Хайраҳмад ва А.Ҷабборовро низ боздошт намудаанд.
«Таҳқиқи ҳодисаи мазкурро сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев таҳти назорат қарор дод», - гуфта мешавад дар иттилои сафорат.
Дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз ба Сафорат аз ҷониби мақомоти расмии кишвари иқомат иттилои расмии хаттӣ ворид нашуда, бино ба таъкиди он ҷониб, рӯзҳои наздик тафсили мавзӯъ ба Сафорат пешниҳод карда хоҳад шуд.
Зиндагӣ дар гӯристон. Саргузашти ду хоҳароне, ки зани дуюм шуданд, вале рӯзи хушеро надиданд
Чӣ тавр дар Тоҷикистон маркази забономӯзии Oxford фаъол шуд?
Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт
Аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ” то “Тоҷикаэронавигатсия”. Кумитаи андоз андозсупорони беҳтаринро эълон кард
Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард
“Озод ва сабук кунед”. Ду талаби вакилони муттаҳамон ба парвандаи “табаддулоти давлатӣ”
Ҳамла ба “Крокус”. Роҳбари Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, 27 нафар гумонбаранд
Аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар мақоми 121-ум қарор дорад
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста