Дар минтақаи шимоли кишвар шахсони номаълум ба сӯи кормандони БДА тир кушода, дар натиҷа як корманди милиса дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва корманди дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, ин ҳодиса чанде қабл дар посгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии воқеъ дар баромадгоҳи шаҳри Конибодом ба самти Исфара рух додааст.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, кормандони посгоҳ як автомашинаро барои тафтиши ҳуҷҷатҳо боздошт карда, маълум шудааст, ки ронанда ҳуҷҷати дахлдори иҷозати ронандагӣ надорад. Сипас санади боздошт таҳия гардида, қарор додаанд, ки автомашинаро ба майдони ҷаримавӣ интиқол диҳанд, вале боздоштшудагон муқовимати мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа як корманд ҳалок ва дигарӣ ҷароҳат бардошт», - зикр кард манбаъ.
Гуфта мешавад, айни замон ҷиҳати боздошти афроди мусаллаҳ чораҳои фаврӣ андешида мешаванд. Аз ҷузъиёти дигари қазия алҳол маълумот дода нашуд.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста