Таҳияи лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура» моҳи март пурра ба итмом мерасад. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ муовини аввали вазири адлияи ҶТ, роҳбари гурӯҳ оид ба таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур Абдуманнон Холиқов хабар дод.
«Гурӯҳи корӣ соли гузашта таъсис ёфта, то моҳи март мо ният дорем, ки таҳияи лоиҳаи қонунро ба анҷом расонем. Сипас он дар мизи гирд баррасӣ шуда, ба ҳукумат равона мегардад», - гуфт вай.
Ба иловаи он вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев зикр кард, ки ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Коллегияи адвокатҳо, адвокатҳои мустақил, кормандони мақомоти прокуратура ва суд шомиланд. «Дар таҳияи лоиҳаи қонун ҳеҷ мушкилие надорем», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли вазир, соли гузашта ба 37 нафар ҳуқуқшиносон ҷиҳати амалисозии адвокати ваколатдор иҷозатнома дода шудааст ва бо назардошти ҳамасола дар макотиби олӣ тайёр кардани беш аз 2 ҳазор нафар мутахассисони дипломдор, ин як мушкилоти воқеӣ аст. «Ин яке аз масъалаҳои асосиест, ки зарурати таҳияи қонуни нав дар бораи адвокатураро таъкид месозад», - афзуд номбурда.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста