Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон 6 тан аз ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ)-ро боздошт намуданд.
Раиси ноҳияи Қубодиён Абдумӯмин Улфатов зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тайи ду моҳи ахир кормандони мақомоти интизомии вилояту ноҳия шаш сокини деҳаи Қизил Нишони ҷамоати Янгийӯли ноҳияро ба гумони узвият дар ҲИӮ дастгир кардаанд.
«Ба хотири халал ворид насохтан ба ҷараёни тафтишот, мо алҳол ному насаби онҳоро ифшо карда наметавонем ва бо итмоми тафтишот, тамоми маълумоти зарурӣ ба ВАО пешниҳод хоҳад шуд», - иброз дошт вай.
Ба қавли раиси ноҳия, соли гузашта низ 5 нафар сокинони ҳамин деҳа ба гумони узвият дар ҲИӮ боздошт шуда маҳкум гардида буданд ва аз ин рӯ, як гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо аҳолии деҳаи мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
А. Улфатов мегӯяд, аслан инҳо ҷавононе мебошанд, ки дар Русия ба доми фиреб афтода, сипас барои таълим ба курсҳои махсуси омодагии ҷангӣ ба кишварҳои хориҷӣ дур сафарбар карда мешаванд. «Айни замон вазъ таҳти назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад», - итминон дод раиси ноҳия.
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста