Дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.
Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои махсус беш аз 75 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст.
«Зимни задухӯрди мусаллаҳона дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Кокул»-и ноҳияи Фархор қочоқчиён – сокинони вилояти Тахори Афғонистон Хайрулло валади Тухтар ва Сайфулло валади Муллоназар кушта шуда, аз ҷойи ҳодиса 2 килову 600 грамм маводи мухаддири навъи героин, 8 килограмм афюн, 1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» бо 1 тирдону 8 дона тир ва 1 адад телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира гардид», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми баргузор намудани амалиёти дигар дар ҳудуди минтақаи марзии ноҳияи Фархор бо Афғонистон аз қочоқбарон 11 кило ҳашиш ва 13 кило афюн дарёфт ва мусодира шудааст.
«Дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ, хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар ҳудуди деҳаи Виружаки ноҳияи Шуғнон аз қочоқбарони афғон беш аз 41 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», - афзуд сарчашмаи хабар.
“Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигоронро озод кунед”. Талаби ду созмони дифоъ аз рӯноманигорон аз Тоҷикистон
"Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст..." Оё Тоҷикистон то соли 2027 ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хари содадил ва рӯбоҳи фиребкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2025
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста