Аз 12 то 24 феврал дар Тоҷикистон мониторинги ҷамъиятии фаъолияти мақомоти милитсия гузаронида мешавад.

«Дар доираи ин чорабинӣ ҷанбаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор мегиранд, аз ҷумла, дастрасӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ, фаъолияти хадамоти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва кори «телефонҳои боварӣ»-и милитсия. Мониторинги ҷамъиятӣ дар кишвари мо ҳамзамон бо раванди оғозшудаи ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида мешавад. Мутобиқи Стратегияи ислоҳоти милитсия, мақомоти мазкур бояд ба ҷомеа наздиктар шавад. Мо аз рӯйи натиҷаҳои мониторинг як қатор тадбирҳоро пешниҳод месозем, ки барои расидан ба мақсаду вазифаҳои Стратегияи ислоҳоти милитсия равона шудаанд», - иброз дошт Сергей Романов, сарвари Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон».

Номбурда афзуд, ки дар давоми моҳи феврал ҳамзамон бо Тоҷикистон мониторингҳои ҷамъиятии фаъолияти мақомоти пулис (милитсия) дар Русия, Укроин, Белорус, Арманистон ва Молдова гузаронида мешаванд. «Дар моҳи декабри соли 2012 коршиносони масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон бо дастгирии Сафорати Бритониё дар Укроин таҳлили заминаҳои меъёрии миллию байнулмилалиро гузаронида, талаботи ҳадди ақалро омода карданд, ки ба он кормандони мақомоти корҳои дохилии ҳар як аз ин кишварҳо бояд мутобиқ бошанд. Дар асоси ин талабот алгоритми ягонаи мониторинги шӯъбаҳои пулис ва ҳайатҳои нозирони пулис омода карда шуд. Ба ин тариқ, фаъолони ташкилотҳои ҷамъиятӣ бори нахуст аз василае истифода мекунанд, ки тавассути он вазъи риояи ҳуқуқи инсон аз ҷониби пулис (милитсия)-и кишварҳои гуногун мавриди муқоиса ва арзёбӣ қарор мегирад», - мегӯяд Романов.

Яке аз ташаббускорони лоиҳа - Вадим Пивоваров, сарвари Анҷумани нозирони укроинии риояи ҳуқуқи инсон дар фаъолияти мақомоти қудратӣ мегӯяд, пулис дар навбати аввал бояд вазифаи хидматрасониро иҷро кунад, ҳамзамон дар назди ҷомеа посухгӯ ва шаффоф бошад. «Дар миқёси байнулмилалӣ яқ қатор санадҳое қабул гардидаанд, ки фаъолияти пулисро дар ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд танзим мекунанд. Ин санадҳо ба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти пулис, стандартҳои муносибат бо дастгиршудагон, усули гузаронидани тафтишот ва ғайра дахл доранд. Бинобар ин, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ, стандартҳои ҳадди ақали фаъолияти пулис вуҷуд доранд. Шаҳрвандони ҳар як кишваре, ки дар қаламрави он санадҳои дахлдори байнулмилалии марбут ба пулис пазируфта шудаанд, ҳуқуқ доранд, аз ҳукумати худ мутобиқати фаъолияти пулис ба ин стандартҳоро тақозо кунанд. Яке аз мақсадҳои асосии ин мониторинг санҷидани он мебошад, ки то кадом андоза пулис дар кишварҳои мо омода аст, ба манфиати инсон кор кунад, на бар зарари он», - мегӯяд Пивоваров.

Аз рӯйи натоиҷи мониторинги гузаронидашуда системаи назорати байнулмилалии фаъолияти пулис тарроҳӣ карда мешавад. Талаботи универсалии таҳиякардаи коршиносон ва алгоритмҳои дар амалия татбиқшудаи мониторинг ба роҳнамои назорати ҷамъиятии пулис ворид карда мешаванд, ки баҳори соли 2013 таҳия ва нашри он дар назар аст.

Маълумот: Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон» созмони ҳомии ҳуқуқ буда, аз гурўҳи адвокатҳои дорои иҷозатнома ва ҳуқуқшиносон иборат мебошад, ки манфиатҳои аҳли ҷомеаро ҳимоя мекунанд.