Прокуратураи генералии ҶТ ҷиҳати ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ дархост ирсол намуд.
Дар Тоҷикистон А.Абдуллоҷонов дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора имрӯз ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Прокурори генералии ҶТ Абдуқодир Муҳаммадиев хабар дода, аз ифшои моддаҳои айбномаи ба боздоштшуда пешниҳодгардида худдорӣ намуд.
Ба қавли вай, мувофиқи асноди меъёрии амалкунанда, дар сурати ҳалли мусбати масъала, истирдод бояд дар давоми 45 рӯз анҷом бипазирад. «Айни замон дар Киев ҳуҷҷатҳоро мавриди омӯзиш қарор додаанд ва мо дар чаҳорчӯби Конвенсияи соли 1993-и Минск амал мекунем», - иброз дошт номбурда.
Рӯзи 7-уми феврали соли равон суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро қонеъ намуда, дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард. Дар ҳаин ҳол, Андрей Федур, ҳимотгари Абдуллоҷонов изҳори умедворӣ намудааст, ки зерҳимояи ӯ ба мақомоти Тоҷикистон супурда намешавад. «Зерҳимояи маро ба кишваре, ки дархост мекунанд, истирдод кардан лозим нест, зеро дар онҷо ба ҷони ӯ хатари воқеӣ таҳдид мекунад. Зерҳимояи ман мақоми гурезаро соҳиб аст ва бояд ҳамчун гуреза мавриди ҳифз қарор гирад. Ӯ мутобиқи конвенсияи байнулмилалии дахлдор ҳифз мешавад», - гуфта буд ҳимоятгар.
Аввали моҳи феврали соли равон дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов боздошт шуд. Ӯ аз ИМА ба Украина сафар доштааст. Дар Тоҷикистон Абдуллоҷонворо ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони президенти Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1996 ва даст доштан дар ошӯби мусаллаҳона таҳти роҳбарии полковник Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 дар вилояти Суғд гумонбар медонанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста