Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия субҳи имрӯз аз хабари расонаҳо огоҳ гардид, ки бо шаҳрванди кишварамон Бахтиёр Сатторӣ, соли таваллудаш 17 октябри соли 1963, зодаи шаҳри Хуҷанд, чунин ҳодисаи фоҷеабор ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар изҳороти пахшшудаи сафорат гуфта мешавад, дар натиҷаи мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум гардид, ки ҳодиса дирӯз поси шаб дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Москва рух додаст. Ҳоло дар ин хусус парвандаи ҷиноӣ боз гардида, муфаттишони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нагатино-Садовникии пойтахт ба баррасии ин қазия машғуланд. Дар бораи ҷузъиёти бештари ин қазия танҳо баъди ба анҷом расидани тафтишот метавон ҳарф зад.
Ҳамчунин маълум гардид, ки ҳоло шаҳрванд Б. Сатторӣ баъди гузарондани ҷарроҳӣ дар Бемористони клиникии №7-и шаҳри Москва бистарист.
Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз рух додани ин ҳодиса дар нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори таассуф ва нигаронӣ мекунад. Мо аз мақомоти марбутаи кишвари иқомат тафтиши ҳарчи зудтари ин қазия ва дарёфти ҷинояткоро талаб дорем. Бояд, ки ҷинояткор дастгир ва тибқи қонунҳои мавҷуда муҷозот шавад.
Сафорат бо ҳамин ният бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари иқомат пайваста дар тамос аст ва таҳқиқи ин қазияро мавриди назар қарор додааст.
Дар хабари баъдан расида аз сафорат зикр мегардад, ки дар натиҷаи мулоқот бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълум гардидааст, ки ҳодиса дирӯз поси шаб дар хиёбони Варшавское шоссе, 156 -и шаҳри Москва рух додаст. Ҳоло муфаттишони Шуъбаи корҳои дохилии " Чертаново- Южное"-и пойтахт ба беморхона рафтаанд, то бо ҷабрдида мулоқот намоянд.
Ахиран духтури навбатдор хабар додааст, ки шаҳрванд Б. Сатторӣ ба палати шуъбаи ҷарроҳӣ гузаронида шуда, вазъи саломатияш қаноатбахш аст.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста