Айни замон як ҳайати Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳти сарварии муовини ёвари котиби давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Линн Трейсӣ ва муовини ёвари вазири мудофиа оид ба Афғонистон, Покистон ва Осиёи Марказӣ Дэвид Сидни бо сафари корӣ дар Душанбе қарор доранд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳайат бо мақомоти расмии Тоҷикистон масоили марбут ба дурнамои вазъ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ҳайати мазкурро ёвари намояндаи махсуси Департаменти давлатӣ оид ба Афғонистон ва Покистон сафир Ҷеймс Уорлик ва муовини фармондеҳи ситоди дастаи муштараки Нерӯҳҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон (ISAF) генерал-майор Лоуренс Николсон низ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк ва яке аз роҳбарони бюрои департаменти давлатии ИМА оид ба масоили мубориза бо терроризм Ҷастин Сайберелл менависад, ҳукумати ИМА ташаннуҷи вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи нерӯҳои низомии эътилоф аз Афғонистон дар соли 2014-ро пешбинӣ намекунад.
«Мо бар ин назарем, ки аз ҷониби ҷангиёни исломӣ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таҳдиди ногузир вуҷуд надорад, вале аз таҳдиди маҳдуди феълан мавҷуда дар ин кишварҳо набояд хотирҷамъ шуд», - гуфтаанд онҳо дар ҷаласаи Кумита оид ба корҳои хориҷии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА зимни баррасии масъалаи таҳдидҳои террористии исломгароён дар минтақаи Аврупову Осиё.
Р.Блейк ҳамчунин изҳор доштааст, ки пас аз соли 2014 ба собиқ кишварҳои шӯравии минтақаи Осиёи Марказӣ на аслиҳа, балки қисмате аз техникаи дар Афғонистон истифодагардида дода хоҳад шуд.
«Аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути қаламравшон хориҷ шудани аслиҳаро намехоҳанд, аз ин рӯ, қисмати зиёди ин техника тавассути роҳи ҳавоӣ ё транзит тариқи қаламрави Покистон хориҷ хоҳад шуд», - афзудааст ӯ.
Қадам ба қадам. Муҳоҷирон дар Русия чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд?
Сироҷиддин Муҳриддин бо Аббос Ароқчӣ мулоқот кард
Варзишгоҳи нави Душанбе: Ҳоло чӣ вазъ дорад ва бунёди он кай ба анҷом мерасад?
“Оилаи беҳтарин”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Трамп гуфт, Амрико ба Эрон барои тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод додааст. Теҳрон ин иддаъоро рад кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки кадом шаҳру ноҳияҳо бештар барқро талаф додаанд
Пули муфт. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад дар лоиҳаҳои карбогидратҳо миллионҳо ба даст орад?
Табодули асирон ва талош барои мулоқоти Путину Зеленский. Натиҷаи музокираи Русияву Украина дар Истанбул
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста