Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи модар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ занони машғул ба фаъолият дар макомоти корҳои дохилиро табрик намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз дар сафҳои мақомоти милисаи тоҷик беш аз 1,5 ҳазор нафар занон фаъолият дошта, 9 нафари онҳо соҳиби рутбаи полковник ва 71 нафар подполковник мебошанд.

«Аз ҷумла, сармушовири вазири корҳои дохилии ҶТ оид ба ҳамкории байнулмилалӣ Лола Отабоева, муовини сардори Раёсати ҳамкории байнулмилалӣ Зумрад Солиева, муовини сардори Хадамоти назорати баҳисобгирии шиносномавӣ Екатерина Смолякова ва дигарон соҳиби рутбаи полковник мебошанд», - гуфтанд дар ВКД.

Бино ба маълумоти Вазорати мазкур, дар маҷмӯъ 87 нафар занон аз вазифаи сардори шӯъбаҳо то муовинони сардори раёсатҳо мансабҳои роҳбариро ба уҳда доранд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори занон дар сохтори ВКД рӯз то рӯз зиёдтар мешавад.