Имрӯз дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек таҳти унвони «СААД ва масоили таъмини амният дар Осиёи Марказӣ» мизи гирд ба кор шурӯъ мекунад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), чорабинии мазкур аз ҷониби Котиботи СААД, Вазорати умури хориҷӣ ва Шӯрои мудофиаи Қирғизистон созмон дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар кори мизи гирд сиёсатшиносону коршиносони Қирғизистон ва дигар кишварҳои узви СААД ва ҳамчунин роҳбарони сохторҳои иттилоотиву таҳлилии шомил ба Ассотсиатсияи таҳлилии СААД ширкат меварзанд. Ҳамзамон дар ин чорабинӣ дабири кулли СААД Николай Бордюжа иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.

«Котиботи СААД оид ба баргузор намудани як силсила ба ин монанд чорабиниҳо дар соли 2013 кӯшиш ба харҷ дода, ин нахустин мизи гирд аз ҷумлаи онҳост», - баён мегардад дар иттилои хадамоти матбуоти СААД.

Гуфта мешавад, ҳадафи аслии баргузории чорабинӣ таҳлил ва арзёбии вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, мушаххас кардани таҳдидҳо дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии низомӣ аз Афғонистон ва баррасии тавсияҳо оид ба чораҳои амалии имконпазири пешгирӣ ва вокуниш ба онҳо аст.