Сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Рамил Нодиров бар ин назар аст, ки бо сабаби мавқеи хоси Ӯзбекистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) масъалаи таъсиси гурӯҳи муттаҳидаи нерӯҳои низомӣ дар чаҳорчӯби ин созмон муддати зиёд ба мушкилӣ дучор буд.

«Ӯзбекистон қарори таъсиси Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши фаврӣ дар доираи СААД-ро дастгирӣ накард», - иброз дошт вай.

Ба қавли вай, моҳи декабри соли гузашта дар бораи боздошти узвияти Ӯзбекистон дар СААД қарор қабул шуд ва чунин ба назар мерасид, ки вазъи буҳронӣ паси сар шуд, вале масоили ҳалношуда то ҳанӯз боқӣ мондаанд. «Масъалаҳои истифодаи захоири обӣ, убури транзитӣ тавассути қаламрави ин кишвар, бахусус транзити бори таъиноти низомиро метавон аз чунин мушкилот ном бурд», - изҳор кард ӯ.