Чанде қабл Департаменти давлатии ИМА рӯйхати навбатии ҳамасолаи кишварҳоеро ба нашр расонид, ки аз терроризм пуштибонӣ мекунанд. Чун соли пешин дар ин рӯйхат муаллифон дар қатори «кишварҳои террорист» аз Эрон, Судон, Сурия ва Куба ном бурдаанд.
Гуфта мешавад, бинобар сабаби мушкилоти ирсол ва қабули воситаҳои пулӣ, чанде аз гурӯҳҳои марбут ба «Ал-Қойида» бо мақсади ба даст овардани воситаҳои пулӣ ва маблағгузории амалҳои террористӣ ба одамрабоӣ машғул мешаванд.
Зикр мегардад, ки ситезаҷӯиву таҳдидҳои террористӣ «бештар ғайримутамарказ ва аз нигоҳи ҷуғрофӣ «пароканда» шудаанд».
Муаллифон зикр мекунанд, ки сарфи назар аз дар 85 кишвари дунё сурат гирифтани амалҳои террористӣ дар соли равон, аз нигоҳи ҷуғрофӣ онҳо «мутамарказ» буданд. Бештари чунин амалҳо (55%) дар се кишвар – Покистон, Ироқ ва Афғонистон ба вуқӯъ пайваста, мутаносибан 62%-и кушташудагон ва 65%-и захмишудагон низ ба ин давлатҳо рост меоянд.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Зариф2 июн, 2013 15:16
Салом ба ҳамаи масъулони сомона! Ман гуфтаниам, ки ин Амрико худаш кист, ки бигӯяд ин терорист аст ва он яке ... Амрико худаш чи кор мекунад? Амрико худаш ба ҳамаи кишварҳо лашкаркашӣ мекунад, магар ҳомии террорист нест? То ҳоло ин кишварҳое, ки террорист номидааст, ба кадом кишвар ҳамла намудаанд? Вале Амрико ба Вйетном, Ироқ, Афғонистон, Эрон, Сурия, Либия ва ғ. ҳамла карда аст. Оё кадомаш террорист ҳастанд?!!?. Ман қоидаи шарҳнависиро хондам ва қабул дорам, шумо ҳам вазифаи хешро анҷом дода ва навиштаи маро нашр кунед. Сипосгузорам.