Вазъи саломатии аскарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар натиҷаи садама дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд захмӣ шуда буданд, хуб аст.
Тавре сардори шуъбаи қабул ва эҳёи Маркази милии тандурустии Тоҷикистон (Қарияи боло) Ханҷар Бердиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, якшанбеи гузашта аскарон Давлатбек Қиёмиддинов (соли таваллуд 1991), Исмоил Камолов (с.т. 1988) ва Александр Смирнов (с.т. 1988), ки ба садама афтода буданд, ба муассисаи тиббии мазкур бо чароҳатҳои гуногун расонда шуданд.
Духтур Низомалӣ Мирзохонов вазъи саломатии низомиёнро қаноатбахш арзёбӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, аллкай 25-уми июл Александр Смирнов пас аз табобат аз муассисаи тиббӣ ҷавоб шуда, Исмоил Камолов барои давом додани табобат ба госпитали Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе интиқол дода шуд.
Яке аз маҷруҳон – Давлатбек Киёмиддинов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, ки аз ҳодисаи фалокатбор чизе дар хотир надорад. «Ба ёдам ҳаст, ки пас аз садама ба дарё афтидам. Хамчунон дар хотир дорам, ки бо нафаре аз об берун мешудем. Дигар чизе ба хотир надорам, чун ҳуш аз сарам рафт», - нақл кард ҷабрдида. Мавсуф аз дарди дасту пой ва сутунмӯҳра шикоят кард.
Ёдовар мешавем, чанде пеш автомашинаи «КамАЗ»-и мутааллиқ ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар километри 46-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид. Дар автомашинаи мазкур гурӯҳи афсарону сарбозон буданд, ки барои хизмати минбаъда ба вилояти Суғд сафар доштанд.
Аз вазорат хабар доданд, ки бар асари ин садама лейтенант Баёнқул Холов ҳалок ва ду афсару 31 нафар сарбоз бо ҷароҳатҳои гуногун дар Маркази миллии тандурустии Тоҷикистон ва госпитали Вазорати мудофиаи дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуданд. Айни замон санҷиши сабабҳои садамаро нозироти ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи кишвар ба уҳда дорад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 майи соли 2025
Нақлиёти барқӣ бо қарз. Бонкро чӣ гуна бояд интихоб кард?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2025
“Дар оянда бигзор доварӣ шавад ва ҷоиза диҳанд”. Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Ҳошим Гадо 88-сола шуд
Робот ва ҳуши маснӯӣ дар хидмати ҳоҷиён. Имсол Арабистони Саудӣ дар маросими ҳаҷ чӣ навоварӣ кард?
Абдулмаҷид Достиев - ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён
Музокироти Эрон ва Амрико. Даври навбатӣ 11-уми май баргузор мегардад
Сокинон худро аз хокбориш чӣ гуна ҳифз мекунанд?
Шурӯи боз як ҷанг? Покистон аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҳиндустон хабар дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста