Ахири ҳафтаи гузашта дар назди вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҷаласаи фаврӣ доир ба фаъолияти хизматии Раёсати БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҶТ оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, вазир қайд кард, ки бинобар сабаби мавриди интиқод қарор гирифтани фаъолияти кормандони БДА ва Воҳиди махсуси ВКД аз ҷониби шаҳрвандон, арзу шикояти ронандагони воситаҳои нақлиёт тавассути воситаҳои ахбори умум, алалхусус нашри хабару мақолаҳои танқидӣ дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо, муроҷиати онҳо ба воситаи сомона ва почтаи электронии вазорат, ин масъала ба таври ҷиддӣ мавриди муҳокимаи роҳбарияти Вазорат қарор мегирад.
«Рамазон Раҳимов ба кормандони БДА ва Воҳиди махсуси ВКД ҷиҳати роҳ надодан ба муносибату муоширати дағалона нисбат ба шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои ришваситонӣ, риояи тартибу низом ва азхуд кардани малакаи касбӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандон ва зери назорати қатъӣ гирифтани супоридани имтиҳон ва додани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ супоришҳои мушаххас дод», - зикр мегардад дар иттилоъ.
Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимов барои гузаронидани ротатсия ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта барои кормандони БДА-и шаҳри Душанбе ва Воҳиди махсус се моҳ мӯҳлат муайян карда изҳор намуд, ки дар сурати дар ин муддат ислоҳ нашудан нисбати онҳо чораҳои қатъӣ, аз ҷазои интизомӣ то озод намудан аз вазифа андешида мешавад.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста