Сардори Шӯрои уламои мамлакат Саидмукаррам Абдулқодирзода аз суханони хеш, ки чанде пеш дар мавриди ҷой надоштани шиканҷа дар маҳбасҳои Тоҷикистон изҳор дошта буд, саркашӣ мекунад. Ӯ дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи муфтӣ, дар яке аз намозҳои ҷомеъ, ки пас аз боздиди чанд маҳбас, ӯ дар бораи шарту шароити зисти маҳбусон сухан карда будааст.
«Ман дар якчанд боздоштгоҳҳо будам ва бо шароити нигоҳ дошта шудани маҳбусон ҳам ошно шудаам. Онҳо зоҳиран худро хуб эҳсос мекарданд, дар тан либоси поку тамиз доштанд, ман чойхонаашонро дидам, ҳар кадом дар он ҷо гӯшаи худро доштанду имкони пухту паз барояшон муҳайё буд. Вақте ман ин суханҳоро мегуфтам, мақсадам дар мавриди шиканҷа набуд», - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Мавсуф таъкид кард, ки дар ин бора ӯ дар ҷое сухане нагуфтааст ва оё рӯзноманигорон метавонанд барояш сабти гуфтаҳои мазкурро пешниҳод кунанд?
Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта дар хабаргузориҳои тоҷикӣ бо истинод ба намозгузорони масҷиди марказӣ маълумот пахш шуда буд, ки гӯиё Саидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳузури садҳо нафар мӯътақидон матбуоти мустақили тоҷикро дар муболиғагӯйӣ дар мавриди шиканҷа дар маҳбасҳо гунаҳгор кардааст.
«Матбуот дурӯғ менависад. Шахсан ман дар давоми се рӯз дар якчанд зиндон будам ва бо маҳбусон сӯҳбат доштам, аз шароити буду боши онҳо низ воқиф гаштам. Ягон шиканҷа ва ё муносибати бераҳмонае дар он ҷо нест, рӯзноманигорон ҳангомаҷӯйӣ карда, аз буда бештар мегӯянд, ки вазъро бо ин муташанниҷ месозанд», -изҳор дошт муфтӣ.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста