Сарвари Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров аз 6-ум то 8-уми июл дар сафари хизматӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дошт.

Бино ба иттилои торнамои Агентӣ, дар рафти сафари кории худ Назаров ҳисоботи роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ-ро оид ба натиҷаҳои корӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар бораи назорати қатъӣ аз болои фаъолияти гурӯҳҳои мутташаккили ҷиноӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва манотиқи ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррсӣ кард.

Дар ҷараёни боздид санҷиши омодагии Раёсат ва шӯъбаҳои он дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошим ба давраи зимистон гузаронида шуд. Ҳамчунин вазъи хизмати кормандони Агентӣ, ки дар доираи амалиёти ҷумҳуриявии «Кӯкнор - 2013» дар посбонгоҳ ва гузаргоҳҳои назоратии ноҳияҳои Ҷиргатол, Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон ва Дарвоз фаъолият мебаранд, аз назар гузаронида шуд.

Дар доираи сафари худ Рустам Назаров дар ҳудуди вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бо муовини аввали Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон  Ғ. Анарбаев дидору гуфтугӯ кард. Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкориҳои мақомоти зиддимухаддиротии ду кишвар ва рафти корҳои қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ муҳокима шуд.