Зимни мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъавоари назди президенти ҶТ генерал-лейтенати милиса Рустам Назаров бо намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Александр Сичёв зикр гардид, ки ин сохтор дастгирии Агентиро то соли 2016 идома медиҳад.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории мутақобила дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии нашъамандӣ ва ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаи Раёсати мазкури СММ «Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ – марҳилаи III», ки ахири соли 2013 ба итмом мерасад ва ҳамкориҳо бо Маркази минтақавии иттилоотии ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо маводи мухаддир баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, чанде қабл ҳамчунин вохӯрии директори Агентӣ бо намояндаи махсуси дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда, сафир Мирсолав Енча низ баргузор шуд.
Зимни мулоқоти бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиркунанда дар Осиёи Марказӣ барпошуда директори Агентӣ сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос кард.




Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста