Узви гурӯҳи ташаббускори ҳизби сиёсии «Тоҷикистони нав» Маҳмудҷон Қосимов ҳамчун созмондеҳи иқдоми флеш-моб ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкор Зайд Саидов ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Нисбат ба ӯ мутобиқи моддаи 460-и Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ боз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат Исҳоқ Табаров хабар дод, мурофиаи судӣ нисбати ҳафт нафари дигар иштирокчиёни флеш-моб идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мурофиаи судии иштирокчиёни иқдоми флеш-моб ба хотири дастгирии соҳибкор Зайд Саидов оғоз гардид. Ҳашт нафар аъзои гурӯҳи ташаббускор, ҳамчунин фарзандони соҳибкор ва посбони маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт» назди суд ҷавоб мегӯянд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви гурӯҳи ташаббускор Маҳмудҷон Қосимов хабар дод, ҳашт нафар аъзои гурӯҳи ташаббускор, аз ҷумла Мавҷуда Соҳибназарова, Маҳмудҷон Қосимов ва ҳамчунин фарзандони соҳибкор ба мурофиа даъват шудаанд. Аксариятро аз ҷойи кор ба мурофиа овардаанд.

Ба гуфтаи Қосимов, онҳоро ба он айбдор мекунанд, ки гӯё тартиботи ҷамъиятро халадор сохта, таваҷҷуҳи шахсони аз назди онҳо мегузаштаро ба худ ҷалб намудаанд. Иқдоми флеш-моб дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» доир гардида, барои шахсони ғайр аз назар пинҳон буд.

«Дар давоми баргузории аксия ҳудуди 15 нафар журналистон ҳам иштирок доштанд ва фикр мекунам, ки онҳо низ ин иқдомро арзёбӣ карда метавонанд», - гуфт Қосимов.

Дар моддаи 460-и Кодекс дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ ҷаримабандӣ дар ҳаҷми аз 7 то 10 нишондиҳандаи ҳисоб ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 5 то 15 рӯз пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки иқдоми флеш-моб рӯзи 27-уми август дар боми маҷмаии тиҷоратии «Пойтахт» баргузор шуд.

Дар аксия дӯстону наздикони Зайд Саидов, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО, дар маҷмӯъ беш аз 50 нафар ширкат варзиданд. Иштирокчиёни аксия овеза бо акси Зайд Саидовро бо 100 адад пуфак ба ҳаво сар доданд. Ҳамчун рамзи озодӣ 100 кабӯтар низ ба ҳаво сар дода шуд.