Дар минтақаи шарқи ҷумҳурӣ бо истифода аз аслиҳаи оташфишон аз ҷониби шахсони номаълум директори кони ангишти «Назарайлоқ Нуриддин Темирови 59-сола ба қатл расонида шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ин ҳодисаи фоҷеабор шаби 2-юми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм рух додааст.
«Тахминан соати 00:30 дақиқаи шаби 2-юм ба 3-юми сентябри соли равон шахсони номаълум ба утоқи истироҳатии директори кони ангишти “Назар-Айлоқ”-и ноҳияи Рашт, шаҳрванд Нуриддин Темиров, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе даромада, бо истифода аз силоҳи оташфишони таппончаи тамғаи “Макаров” ӯро паронда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидааст», - зикр мегардад дар иттилои вазорат.
Гуфта мешавад, айни замон барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткорон бо фармони Вазири корҳои дохилӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи раёсатҳои оперативии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, тафтишоти ин ҷиноят идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи аввалин дар кони ангишти «Назарайлоқ» нест. Моҳи августи соли 2007 як гурӯҳи иборат аз ҳашт нафар шахсони мусаллаҳи ниқобпӯш ба кормандони корхонаи муштараки «КиТаКа»-и Тоҷикистону Чин дарафтода, онҳоро лату кӯб ва аз хазинаи корхона 5 ҳазор сомонӣ маблағро бо худ бурда буданд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста