Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои фармондеҳони Нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 9-уми сентябр дар Озарбойҷон доир мегардад, ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ хабар дод, дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур баррасии масъалаи кӯмаки таъҷилӣ ба Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Афгонистон матраҳ гардидааст.
«Дар ҷаласа ҳамчунин аз фаъолият ва иҷрои нақшаҳои Шӯро натиҷагирӣ шуда, масъалаҳои таҳияи Дастури методӣ оид ба иҷро ва амалисозии корҳои муштараки илмиву таҳқиқотӣ дар доираи Шӯро, тавсияҳои методӣ доир ба истифодаи шакл ва воситаҳои ҳифзи марзҳои берунаи кишварҳои ИДМ дар замони муосир, шарҳу тавзеҳот ба қонунҳои нав дар бахши марзбонӣ, истифодаи истилоҳот дар бахши марзбонӣ аз ҷониби кишварҳо ва дигар масоили зарурии мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ хоҳанд шуд», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки Шӯрои фармондеҳони Нерӯҳои марзбонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 1992 таъсис дода шуд. Шӯрои мазкур нақшаҳои фарогири ҳимояти марзҳои беруна ва манотиқи иқтисодии манфиатдори кишварҳои узви ИДМ-ро таҳияву баррасӣ намуда, фаъолияти нерӯҳои марзбониро танзим ва ҷиҳати беҳбуди фаъолияти онҳо тавсияҳо пешниҳод мекунад.
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
“Ҳамос” ва Исроил созиши оташбасро имзо карданд
Масъуд Пизишкиён аз Душанбе ба Маскав рафт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шутур ва ҳаммоми маҳалла”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста