Раиси Иттифоқи собиқадорони Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон Бобоқул Назаров ходими дин ва сиёсатмадор Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар даъват ба ҷиҳод гунаҳкор мешуморад.

Зимни суханронии рӯзи 19-уми сентябр дар ҳузури дружиначиёни халқӣ ва кормандони ғайриштатии Раёсати мазкур ӯ зикр кард, ки чанде қабл дар ҳафтавори «Самак» матлаберо мутолиа намудааст, ки дар он ба андешаи ӯ, даъвати Тӯраҷонзода ба ҷиҳод дарҷ ёфтааст.

«Дар мақола чунин иқтибос аз рӯҳонӣ оварда шудааст: «Мусалмонҳо ҳама муҷоҳиданд ва барои ҳифзи озодию манфиатҳои ҳамин мардум шумо ҷиҳод кунед». Ман бар ин назарам, ки ҳукумат ва мақомоти интизомӣ ба ин даъват бояд таваҷҷуҳ зоҳир созанд. Солҳои 90-ум ба гуфтору рафтору ӯ касе ҷиддӣ таваҷҷуҳ накард ва дар натиҷа даргириҳои шаҳрвандӣ дар кишвар рух дода, садҳо ҳазор нафар ҷон бохтанд», - гуфт Назаров.

Ба гуфтаи ӯ, гуфтаҳои Тӯраҷонзодаро раҳбарияти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Хатлон бояд ба мақомоти болоӣ расонад. «Агар чун солҳои 90-ум мо ба гуфтҳои ӯ эътибор надиҳем, ӯ боз кишварро ба ҷанг мекашад. Даъват ба ҷанг худ як ҷиноят аст ва мақомоти давлатӣ бояд ба ин вокуниш нишон диҳанд», - изҳор кард собиқадор.

Ҳамчунин Назаров ба дружиначиёни халқӣ муроҷиат намуда, онҳоро ба ҳушёрӣ ва баргузории корҳои фаҳмондадаиҳӣ миёни аҳолӣ даъват намуд.