Имрӯз дар Қирғизистон машқҳои махсуси маҷмӯии байналмилалии қисмҳои мақомот ва хадамотҳои зиддимухаддиротӣ, қӯшунҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, ки ба ҳайати қувваҳои таъиноти махсуси Қувваҳои муттаҳидаи СААД «ГРОМ-2013» баргузор мегарданд.
Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, дар машқҳо қисми таъиноти махсуси Агентии мазкур, Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, кормандони СОБР ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии ВКД Қирғизистон ва инчунин намояндагони ХФНМН Россия иштирок мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи машқҳо гузаронидани амалиётҳои муштарак бар муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, ки даст бар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар задаанд, ба нақша гирифта шудааст.
«Ин машқҳо имконият медиҳанд, ки роҳҳои нави мубориза бо қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳудуди давлатҳои СААД бо назардошти он ки соли 2014 қувваҳои ҳарбии байналмилалӣ аз хоки Афғонистон бароварда мешавад, такмил диҳанд», - гуфта мешавад дар иттилои Агентӣ.
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста