Дар шаҳри Бостон (ИМА) як тоҷике боздошт шудааст, ки бо айбдоршавандагон дар парвандаи амали террористии марафони ин шаҳр шиносоӣ доштааст.

Пулиси шаҳри Орландо (иёлати Флорида) зодаи 23-солаи Тоҷикистон Ашӯрмамад Миралиевро боздошт ва ба ӯ айбномаи таҳдид ба ҷабрдида аз ҷиноят пешниҳод кардааст. Аммо роҷеъ ба маҳз дар кадом ҷиноят будани он маълумот дода намешавад.

Миралиев дӯсти Иброҳим Тодашев, зодаи Чеченистон будааст, ки моҳи майи соли равон аз ҷониби агенти Бюрои федералии тафтишот (ФБР) ҳангоми бозпурсӣ оид ба амали террористӣ дар шаҳри Бостон парронида шуда буд. Бино ба иттилои Boston magazine, ҳабси ин ҷавон ба ҳеҷ гунае ба тафтиши қазияи амали террористӣ дар Бостон ва куштори Тодашев рабт надорад. Пас аз кушта шудани Тодашев низ Миралиев дар ҳамон манзил иқомат мекард.

Ёдрас мекунем, ки Иброҳим Тодашев бинобар сабаби шиносоӣ доштанаш бо бародарон Тамерлан ва Ҷохар Сарнаевҳо, ки созмондиҳандагони амали террористӣ дар марафони Бостон моҳи апрели соли 2013 маҳсуб меёбанд, моҳи майи соли равон ба бозпурсӣ даъват шуд. Ҳангоми бозпурсӣ Тодашев аз ҷониби намояндаи Бюрои федералии тафтишот кушта шуд. Тибқи иттилои расмӣ, Тодашев бо корд ба намояндаи мақомоти интизомӣ ҳамла карда, ба хотири ҳимоят корманди Бюрои федералии тафтишот ӯро парронидааст.

Аммо дар ВАО маълумоте мунташир гардид, ки мувофиқи он, Тодашев он замон аз бозпурсии чандинсоата ихтиёрро аз даст дода, ба корманди Бюрои федералии тафтишот дарафтодааст ва ба инкори маълумоти ҳукуматдорон, ӯ таппонча ё корде бо худ надоштааст.