Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров масъалаи тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун ҶТ «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи нақлиёт», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дар бораи Конвенсияи 144 Созмони байналмилалии меҳнат «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 18-уми сентябр президент Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон фиристод.