Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи маҳбусон Тошев ва Ризоев аз суд дархост кард, ки барои паҳн кардани сабтҳои видеоии тӯҳматовар онҳо ба муҳлати 8 ва 10 соли зиндон маҳкум карда шаванд.
Нисбати маҳбусон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев мутобиқи 332, қ. 2 (Кирдорҳое, ки шахси адокунандаи ҷазо дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ содир намудаааст) ва 346, қ. 2 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Маҳбусон аслан барои дар як қатор ВАО пайдо шудани сабти видеоие гунаҳкор дониста мешаванд, ки дар он зиндониён, аз ҷумла Ризоев ва Тошев дар назди камера аз истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон сухан гуфта, осори зарбу лати гӯё аз ҷониби кормандони муассиса гирифтаашонро намоиш медиҳанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Файзинисо Воҳидова, адвокати Тошев хабар дод, «мавқеи ҷониби айбдоркунанда аз мантиқ дур аст, зеро мо тамоми маводи парвандаро тақиқ намуда, собит сохтем, ки парвандаи ҷиноӣ сохтакорӣ шудааст».
Ба гуфтаи ӯ, ҳардуи судшавандагон он замон дар муассисаи ислоҳӣ буданд, яъне ба шабакаи Интернет дастрасӣ надошта, ба паҳн кардани ин навор тариқи ВАО имкон надоштанд.
«Тамоми нишондод муқобили онҳо мухолифанд, далеҳои шаъӣ мусодира нашудаанд ва дар парванда қариб далели шайъӣ ҷой надорад», - гуфт адвокат.
Қобили зикр аст, ки бори нахуст барои иштирок дар мурофиаи судӣ дар толори суд ба рӯзноманигорони хабаргузориҳои «Озодӣ», «Озодагон» ва «Азия-Плюс» иҷозат дода шуд. Мурофиаҳои қаблӣ пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и №2-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буданд.
Тошев ва Ризоев дар қатори як гурӯҳ маҳбусон тирамоҳи соли гузашта пас аз марги маҳбус Ҳамза Икромзода аз муассисаи ислоҳии №1-и Душанбе ба муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуданд. Наздикони Ҳамза Ҳакимзода то ҳол мегӯянд, ки дар ҷисми ӯ осори возеҳи шиканҷа ва лату кӯб аён буд, аммо коршиносон сабаби марги Икромзодаро худро ба дор овехтан арзёбӣ намуданд.




Сафири Эрон: “Амрикову Исроил мехостанд давоми 48 соат Ҷумҳурии Исломиро сарнагун кунанд, аммо Эрон ин нақшаро вайрон кард”
“Фаластини озод” ва “Таблиғи ҷанг дар мактабҳои Русия”. Кадом филмҳо ҷоизаи "Оскар-2026" гирифтанд ва чӣ паём доштанд?
Талоши Трамп барои “бозкушоии тангаи Ҳурмуз” ва идомаи ҳамлаи тарафҳо. Ду рӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Набард ва пирӯзии Адолат. Чӣ тавр зани тоҷик девори қолаб шикаст ва ширкати худро сохт?
Сардори Раёсати тандурустии Суғд, ки ба ришвагирӣ гумонбар буд, бо пардохти ҷарима аз ҳабс озод шудааст
Як бунёди аврупоӣ ба ширкати “Шоҳин Эйрлайнз” беш аз $200 млн сармоягузорӣ мекунад
Ҳушдори мақомот ба роҳбарони бозорҳои пойтахт барои қимат фурӯхтани маҳсулот дар иди Рамазон
Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста