Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р.Назаров бо ҳайати жандармерияи миллии Фаронса бо роҳбарии генерал-майор Лоран Демолен баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ Директори Агентӣ дар бораи раванди рушди вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, инчунин саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба меҳмонон муаррифӣ пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ташкили мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар, ҷараёни кор бо самтҳои мушаххаси ҳамкориҳо, аз ҷумла вазъи нашъамандии минтақаро дар соли 2014 мавриди сӯҳбат қарор доданд.Ҷаноби Л. Демолен дар навбати худ изҳор дошт, ки Ҳукумати Фаронса барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа, алалхусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус медиҳад.
Вай миннатдории хешро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар, ки дар ин самт фаъолияти пурсамар менамоянд, изҳор намуд. Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки ҳукумати давлати ӯ дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба мубориза бо маводи нашъаовар ва бозомӯзии кормандони Агентӣ ёрӣ хоҳад дод.
Дар охири вохӯрӣ ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки минбаъд низ саъю кӯшиш намоянд, то ин ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фаронса дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар фаъолтар шаванд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2025
Муҳлати боздошти 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус” бори шашум дароз карда шуд
“Тоҷикистон куштори бераҳмона дар Ғаззаро маҳкум мекунад”. Вазири корҳои хориҷӣ аз вазъи Фаластин ва Афғонистон нигаронӣ кард
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста