Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода бо кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор тибқи нақшаи кории мақомот рӯзи 22-юми октябри соли 2013 ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққат ӣ (СИЗО)-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ш. Душанбе ташриф овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти макомоти мазкур, мақсад аз ташрифи Ваколатдор ба муассисаи мазкур шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи гумонбаршудагон ва шароити нигоҳдории онҳо буд.
Ба иттилои мнабаъ, ҳангоми сӯҳбат бо сардори муассиса Таваралиев М.Х. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба тартиби нигоҳдории занҳо, ноболиѓон, тартиби азназаргузаронии тиббии гумонбаршудагон, мӯҳлати нигоҳдошт, мавҷуд будани камераҳои назоратӣ дар муассисаи мазкур пурсон шуд. Ҳамчунин, Ваколатдор бо тартиб ва қоидаҳои нигоҳдошти шахсони дар муассиса қарордошта, шароитҳои моддӣ (ҳӯрок, пӯшок, ҷои хоб) ва шароити санитарӣ шинос шуд.
Зимни боздид Ваколатдор ба ҳуҷраҳое, ки дар он гумонбаршудагон нигоҳ дошта мешаванд, даромада, бо онҳо як ба як сӯҳбат намуда, оид ба муносибати кормандони муассиса нисбати онҳо пурсон шуд.
Инчунин ҳангоми боздид ба кормандони муассиса талаботҳои санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва қонунгузории амалкунанда оид ба меъёрҳои муносибат бо шахсони гумонбаршуда фаҳмонида шуд.
Дар вақти боздид маълум гардид, ки умуман шароити нигоҳдорӣ дар муассисаи зикргардида қаноатбахш аст.
Бояд қайд кард, ки боздидҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз чунин муассисаҳо дар оянда идома меёбанд.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста