Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон изҳор намуд, ки муовини нахуствазири Қирғизистон Токон Мамитов ба ӯ занг назадааст.
«Зангҳои воридотӣ ба қабулгоҳи муовини нахуствазир ё ба рақами шахсии ӯ тавассути хатти махсуси алоқа ҳеҷ гоҳ бепосух намемонанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Алимардон, айни замон ӯ бо супориши сарвари давлат дар сафари корӣ дар ноҳияи Фархор қарор дорад. «Агар ба қабулгоҳи ман занг мезаданд, маро дарҳол аз он огоҳ мекарданд. Бино ба маълумоте, ки ба ман аз Хадамоти марзбонии ҷумҳурӣ хабар доданд, масъаларо марзбонон ҳаллу фасл кардаанд. Дар бораи вазъи ҳозира дар он минтақа ман огаҳӣ надорам», - иброз дошт ӯ.
Имрӯз дар мусоҳиба бо ВАО-и Қирғизистон муовини нахуствазири ин кишвар Токон Мамитов дар робита ба вазъ дар минтақаи чоҳи нафти «Катта-Туз» изҳор намуд, ки «аз дирӯз мо ба муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон тамоси телефонӣ гирифтанием, вале ӯ ба зангҳои мо ҷавоб намедиҳад».
Ба гуфтаи ӯ, дирӯз зимни вохӯрии марзбонони ҳарду кишвар намояндагони Тоҷикистон изҳор намудаанд, ки пойгоҳи нафткаширо дубора ба кор андохтанианд. «Сарфи назар аз рад шудани дархосташон, беш аз 100 нафар шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба қаламрави Қирғизистон ворид шуда, пойгоҳҳои истихроҷи нафту газро ғасб карданӣ шуданд, вале нерӯҳои иловагии милиса ба ин амали ғайриқонунии онҳо роҳ надоданд», - зикр кардааст номбурда.
Бино ба иттилои ахири хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон, хизматчиёни ҳарбии тоҷик аз мавзеи Катта-Туз хориҷ шуда, айни замон вазъ дар ин минтақа ором аст.
Қаблан сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон даъват шуда, ба ӯ иттилоъ дода шуд, ки рӯзи 24-уми октябр як гурӯҳи беш аз 100-нафараи хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба қаламрави Қирғизистон то масофаи 500 метр ворид шуда, ин амал мухолифи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қарордоди байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи қатъи фаъолият чоҳи нафтӣ то муайян шудани мансубияти он мебошад.
Ба сафири Тоҷикистон бо талаби таъҷилан аз қаламрави Қирғизистон хориҷ шудани марзбонони тоҷик ва даъват ба ҳаллу фасли мусолиматомези вазъи мавҷуда нотаи эътирозии ВКХ Қирғизистон супурда шуд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл сардори маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки вазъ дар тамоми тӯли марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон комилан орому амн буда , ҳеҷ далеле барои ташвиш вуҷуд надорад.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои "лайк" бекор шуд. Бо ин ҷурм ба зиндон рафтагон озод мешаванд?
Дарёфти ду ҷасад аз обҳои Тоҷикистон дар як рӯз
“Чаро барои хатои дигарон, мо пул диҳем?”. Ҷарима барои қоидавайронкунии ронандагони нақлиёти ҷамъиятиро кӣ бояд пардохт кунад?
Даромади умумии операторони алоқаи Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2025 зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ будааст
Озмоишҳо дар марзи Қазоқистону Русия: қиссаи як хонаводаи тоҷик, ки мехост ҳузурашро дар Русия қонунӣ кунад
6 миллиард рубл хисорот ва 500 ҷилд парванда. Бастрикин ҷузъиёти парвандаи ҳамла ба “Крокус”-ро гуфт
Аз намоиши “Рӯбоҳи ҳилагар” то рӯнамоии маҷмӯаи “Килки сабз”. Дар Душанбе иди кӯдакон чӣ гуна таҷлил мегардад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 3
Андоз аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон зиёд гардид. Муоинаи техникӣ ҳам гарон шуд (КАЛКУЛЯТОР)
Ҳалокати писарбачаи 2-сола дар кӯдакистони Душанбе. Мураббӣ боздошт шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста