- Вазъ дар тамоми тӯли марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон комилан орому амн буда, ҳеҷ далеле барои ташвиш вуҷуд надорад, - изҳор намуд сардори маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ Хушнуд Раҳматуллоев.
«Робитаҳои роҳандозишуда миёни мақомоти марзбонии ҳарду кишвар ба ноамн кардани вазъ дар марзи давлатии кишварҳои ҳамсоя роҳ намедиҳанд ва нахоҳанд дод», - гуфт ӯ.
Чанде қабл шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и хадамоти марзбонии Қирғизистон дар бораи вуруди ғайриқонунии марзбонони тоҷик ба минтақаи чоҳи нафтии «Катта – Туз» дар ноҳияи Лейлаки вилояти Бодканд хабар дод.
Бино ба маълумоти хадамоти марзбонии кишвари ҳамсоя, зимни мулоқоти рӯзи 24-уми октябр миёни намояндагони хадамоти марзбонии ҷонибҳо, намояндагони Тоҷикистон масъалаи барқарор кардани истифодаи чоҳи нафти «Катта-Туз»-ро пеш гузоштаанд, вале ҷониби Қирғизистон ин талаби онҳоро беасос шуморида, баргузории корҳоро рад крадааст, зеро ин минтақаи назди марзи давлатии кишварҳо то ҳанӯз баҳснок боқӣ мондааст.
Гуфта мешавад, марзбонони қирғиз ба ҳамтоҳои тоҷики худ нома ирсол намуда, дархост кардаанд, ки бо мақсади пешгирии вазъи мухолифатомез дар минтақаи «Катта-Туз», ба барқарор шудани корҳои истихроҷи нафт дар ин минтақа то ҳаллу фасли қонунии аломатгузории ниҳоии марз миёни давлатҳо ва иғвогариҳо дар марзи умумӣ роҳ надиҳанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 майи соли 2025
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста