Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон бо дастгирии ИМА конфронси минтақавӣ, ки ба такмил додани ҳамкории байналмилалии миёни намояндагони мақомоти давлативу муассисаҳои илмӣ, марказҳои таълимӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар самти муқовимат бо хариду фурӯши одам таваҷҷуҳ менамояд, баргузор намуданд.

Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон, дар ин чорабинӣ намояндагони агентиҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин созмонҳои ғайридавлатие, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ширкат варзиданд.

Дар рафти конфронс иштирокчиён роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ, ва масоили умумии марбут ба қурбониёни хариду фурӯши одам, минҷумла муайянсозӣ, ҷалб шудан ба мурофиаҳои судӣ, ҳифз, бозгашт ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани қурбониёнро баррасӣ карданд.

Чорабинии мазкур бо дастгирии идораи байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) назди Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби СБМ пиёда гашт. Дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Тоҷикистон, ин лоиҳа кӯшишу талошҳои Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон тавассути қонунгузорӣ, омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони судӣ ва таъсис додани механизми миллии роҳнамоии муайянсозӣ ва расонидани кӯмак ба қурбониёни хариду фурӯши одам дастгирӣ менамояд.

Лоиҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одам яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасон мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида дастгирӣ шудааст. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи зиёда аз як миллиард доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.