Дар шаҳри Душанбе муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ миёни кишварҳоро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» узви ҳайати Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод.

«Ҷонибҳо ба масъалаи роҳ надодан ба нооромиву муноқишаҳо дар манотиқи марзии баҳсӣ, ки миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар рух медиҳанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳанд кард», - зикр кард Сангинов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи сабабҳои сар задани муноқиша дар марз нимаи моҳи декабри соли гузашта дар ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон табодули назар намуда, ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои минбаъд пешгирии ба ин монанд ҳодисаҳо ибрози андеша хоҳанд намуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд , наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.

Сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастанд ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасид.

Ҳамчунин маълумоти ахири моҳи декабр интишоршуда дар рӯзномаи «Вечерний Бишкек» дар бораи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз ҷониби Тоҷикистон ҷамъ шудани техникаи зиреҳпӯшро Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рад карда буд.