Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба назорат аз болои амалиёти нобуд сохтани беш аз ҳазорон адад аслиҳаи сабуки оташфишон, ки аз аҳолӣ мусодираву ҷамъоварӣ ва ё аз пинҳонгоҳҳои махфӣ дарёфт шудааст, оғоз намуд.
Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар ҶТ, ин амалиёт дар Раёсати таъминоти моддиву тхникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузаронида шуда, барои буридани аслиҳа САҲА техникаи махсус пешкаш кардааст, ки тавассути он мутахассисони вазорат муддати ду ҳафта дар маҷмӯъ 1165 адад аслиҳаро нобуд месозанд.
«Назорат аз болои аслиҳа мавзӯи муҳими рӯзномаи САҲА буда, яке аз масоили афзалиятноки Дафтари САҲА дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад», - изҳор доштааст зимни боздид аз коргоҳи нобудсозии аслиҳа иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Раёсати низомиву сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Эрдал Дуздабан.
Намояндаи ВКД ҶТ генерал-майор Фарҳод Шодмонбеков бар ин назар аст, ки сарфи назар аз сол то сол коҳиш ёфтани шумори аслиҳаи мусодирашуда, то ҳанӯз дар ҷумҳурӣ пинҳонгоҳҳои махфии аслиҳаву муҳимот дарёфт мегарданд. «Дастгирии доимии САҲА, ки ба баланд бардоштани имконоти кишвар дар нигаҳдорӣ ва нобуд сохтани аслиҳа равона шудааст, барои Тоҷикистон аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст. Мо ба идомаи ҳамкориҳои муштарак дар бахши таъмини амният дар ҷумҳурӣ умедворем», - гуфт номбурда.
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Сергей Шойгу гуфт, аз шумори умумии ҷиноятҳо дар Русия танҳо 2%-ро муҳоҷирон содир кардаанд
Аввалин вохӯрии роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд
Қоҳир Расулзода бо сарвазири Русия дидору гуфтушунид мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 5
Истеъфо дар футболи тоҷик. Баъди шаш давр кӣ ба куҷо рафт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 апрели соли 2025
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста