Чанде қабл дар шаҳри Исфара вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид, ки дар он масоили ҳамкории мутақобилаи мақомоти қудратии кишварҳо дар таъмини тартибот дар қаламравҳои наздимарзии давлатҳо баррасӣ шуданд.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-майори милиса Искандар Раҷабов ва ҳайати Қирғизистонро муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-майори милиса Курсан Асанов роҳбарӣ доштанд.
Ба гуфтаи Тешаев, ба ҳайатҳо ҳамчунин фармондеҳони нерӯҳои марзбонии кишварҳо, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва раисони навоҳии наздимарзӣ низ шомил буданд.
«Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид протокол ба имзо расид, ки мутобиқи он, аз ҳисоби марзбонон ва кормандони милисаи ҳарду кишвар гурӯҳҳои посбонии муштарак таъсис дода шуда, ҷонибҳо ҷиҳати дар муддати як ҳафта мувофиқа кардани ҳайати гурӯҳҳои посбонии муштарак ва самтҳои ҳаракати онҳо тавофуқ ҳосил намуданд», - иброз дошт котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара.
Ёдрас мекунем, ки дар мулоқоти ҳайатҳои роҳбарони комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ таҳти роҳбарии муовинони нахуствазирони кишварҳо Муродалӣ Алимардон ва Токон Мамитов, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Душанбе доир гардид, масоили танзими вазъ ва ҳамкориҳои судманд дар марзи давлатӣ баррасӣ шуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ низ баррасӣ шуда, нақшаи вохӯриҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ин масъала дар соли 2014 муайян карда шуданд.
Зарари офатҳои табиии рӯзи гузашта дар Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Аз $27 ҳазор ҷарима то 10 соли ихроҷ. Кумитаи дин паёмади нақзи тартиби нави ҳаҷҷи имсоларо шарҳ дод
Аз Чилдухтарону Осорхонаи Восеъ то оромгоҳи Ҳазрати Султон. Маконҳои сайёҳиву таърихии минтақаи Кӯлоб, ки ҳатман бояд дид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста