Волидайни сарбоз Максим Усов, ки тибқи қарордод дар пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ адо мекард, аз моҳи августи соли 2013 ӯро дар қаламрави Тоҷикистон ҷустуҷӯ доранд.
Ба гуфтаи онҳо, Максим Усови 21-сола, зодаи кишвари Красноярск, 19-уми августи соли 2013 бедарак шуда, дар бар сарулибоси мулкӣ, шиносномаи хориҷӣ, ноутбук ва телефон доштааст ва аз замони гум шуданаш дигар ба алоқа набаромадааст.
Ин хабар тавассути ҳамаи шабакаҳои иҷтимоии имконпазир аз номи Юрий Усов, ки худро падари сарбози гумшуда муаррифӣ мекунад, паҳн карда шуда, вале дар худи пойгоҳи низомии 201-ум саҳеҳияти ин маълумотро ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқ накарданд.
«Фарзияи роҳбаронаш дар бораи ба майнӯшиву айшу ишрат дода шуданашро ман инкор мекунам, зеро ӯ шароб истеъмол намекард. Барои ҳама гуна маълумот, маслиҳат ва тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи писарам миннатпазир хоҳам буд. Дар ин қазия ба ман нофаҳмост, ки чӣ гуна сарбоз метавонистааст бе ному нишон гум шавад? Охир ӯ дар дискотекаи деҳа набуд, ӯ дар сохтори низомии давлат хизмат мекард», - менависад Усов дар шабакаҳои иҷтимоии писандида.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ахир, дар қаламрави Тоҷикистон 7 ҳазор нафар низомиёни пойгоҳи 201-уми ҳарбии Русия хизмат мекунанд, ки ҷузъу томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақаранд. Дар созишномаи соли гузашта баимзорасида муҳлати ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми дар Русия то 49 сол дароз карда шуд.
Дар ҳамин ҳол, дар гӯшаи «Бедарак гумшудагон»-и сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби шаҳрванд Максим Усов дарҷ наёфтааст.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста