Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Ботканд оид ба аз соати 9-и рӯзи 14-уми январ ба посбонии минтақаҳои баҳсии марз пардохтани дастаҳои муштараки кормандони мақомоти корҳои дохилии кишварҳо тавофуқ ҳосил шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» тариқи телефон узви ҳайати Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дастаҳои муштараки марзбонони тоҷику қирғиз рӯзи дигар, 15-уми январ ба посбонии марз шурӯъ менамоянд. «Ғайр аз ин, мо ба маълумоти ҷониби Қирғизистон расонидем, ки мутобиқи тавофуқҳои дар гуфтушунидҳои қаблӣ ҳосилшуда, сохтмони ҳама гуна иншоот дар минтақаҳои марзӣ манъ шуда, аз онҳо дархост кардем, ки корҳои сохтмон дар роҳи мошингарди Оқсой-Тамдикро боздоранд», - гуфт Сангинов.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд зикр кард, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба қонунӣ будани амали марзбонон дар ҳодисаи мавзеи деҳаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара далелу бурҳонҳои худро пешниҳод кардаанд.
«Мо ба ҳамтоҳои қирғизи худ изҳор намудем, ки муноқишаи мусаллаҳона дар қаламрави Тоҷикистон рух дода, худи ҳамин далел ба бисёр чизҳо рӯшанӣ меандозад», - таъкид дошт Сангинов.
Номбурда ҳамчунин илова кард, ки айни замон Тоҷикистону Қирғизистон мустақилона ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, оид ба натоиҷи он табодули маълумот хоҳанд кард ва аз рӯи натиҷаҳои мувофиқашуда гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда мешаванд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста