Роҳи автомобилгард, ки шаҳри Исфараро бо ҷазирақаламрави тоҷикистонии Ворух мепайвандаду рӯзи шанбе аз ҷониби Қирғизистон баста шуда буд, субҳи имрӯз барои равуои воситаҳои нақлиёт ва одамон боз шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара хабар доданд.
Ба қавли онҳо, пас аз муноқиша миёни марзбонони ду кишвар, ки нимаи рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷӣ Ало рух дод, айни замон дар маҳаллаҳои ахолинишини наздимарзӣ вазъи орому амн ҳукмфармо аст.
«Дар гуфтушуниди намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти маҳаллии ҳарду кишвар оид ба масъалаи кушодани роҳ ба Ворух мувофиқа ҳосил шуд», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 11-уми январ дар мавзеи деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд миёни марзбонони тоҷику қирғиз муноқиша ба вуқӯъ пайваста, бо тирпарронӣ ба анҷом пазируфт, ки бар асари он 3 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд.
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 1
Омӯзгорону табибон аз ҳуқуқи имтиёзноки дарёфти иҷозаи зист дар Русия маҳрум шуданд
Хонаҳои вайроншуда то 1 ноябр сохта шаванд. Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат дар робита ба заминҷунбӣ дар Рашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста