Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон доктор Абдулғафур Орзу вохӯрӣ доир намуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Рамазон Раҳимов оид ба ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ибрози назар намуда, қайд кард, ки лоиҳаи Созишнома оиди ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар омода шудааст ва дар сурати ба имзо расидани он ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам рушду такомул хоҳанд ёфт.
Доктор Абдулғафур Орзу дар навбати худ зикр намуд, ки агар сулҳу субот ва амният дар ин минтақа ҳамеша ҳукмфармо бошад, робитаҳои ду кишвар боз ҳам тақвият ёфта, онҳо низ ба муборизаи муштарак алайҳи ҷинояткорӣ омодаанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мушаххаси самтҳои гуногуни ҳамкориҳоро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурўши ғайриқонунии яроқу аслиҳа табодули назар карда шуд. Ҳамчунин дар вохӯрии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар мубодилаи таҷриба ва баланд бардоштани савияи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста